ИМА қарори бекор кардани маҳдудияти сафарро эълон хоҳад кард
Интизор меравад аз моҳи оянда ИМА марзҳояшро барои мусофироне боз хоҳад кард, ки бо сафарҳои ғайрикорӣ вориди ин кишвар мешаванд. Ба ин тартиб, қарори манъи сафарҳои нозарур ба ИМА, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 давоми 19 моҳ амал мекард, бекор мешавад. Як сенатори демократ рӯзи 12 октябр хабар дод, ки ИМА барои нафарони пурра эмшуда ҳақ медиҳад, ки аз ҳар нуқтаи марзии Канадаву Мексика вориди ин кишвар шаванд. Дар бораи нақшаи бозкушоии марзҳо барои сафарҳои нозарур вазири корҳои дохилии ИМА Алеҳандро Майоркас ҳам хабар дод. Хабарии бозкушоии марзҳо рӯзи 13 октябр нашр мешавад.