Шикоятҳо аз бебарқӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон. Сокинон аз "лимит" мегӯянд, мақомот аз "таъмир"
Баробари сард шудани ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон, мардум аз камбуди барқ шикоят доранд. Чанде аз сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки ин шабу рӯз бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомот пеш омадани чунин вазъро ба таъмири хатҳо рабт медиҳанд.