Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Сентябрь
2021

Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор воя воксинаи зидди COVID-19 тақдим кард

0
Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор воя воксинаи зидди COVID-19 тақдим кард

Рӯзи 10 сентябр ба Тоҷикистон аз роҳи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ бастаҳои нави воксинаҳои зидди COVID-19 ворид шуд. Дар изҳороти хабарии UNICEF ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки 100 ҳазору 800 воя  ваксинаи зидди COVID-19-ро  ҳукумати Олмон  тақдим кардааст ва  имрӯз ин воксинаҳо ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ин воксинаҳои навъи AstraZeneca  мебошанд, ки  сохти донишмандони Бритониё ва Шведсия буда, барои ду дафъа эмкунӣ пешбинӣ шудааст.

Ролф Траут, муовини сафири Олмон дар Тоҷикистон, ки дар ҷараёни тақдими воксинаҳо ба вазорати тандурустии Тоҷикистон ширкат кард, гуфт, “Ҳадафи мо - таъмини ҳар як нафар бо ваксинаи зарурӣ мебошад. Ваксинаҳо бояд дар саросари ҷаҳон дастрас бошанд". COVAX як барномаи вижаи СММ аст, ки таъмини кишварҳои нодор бо воксинаҳои зидди коронавирусро пешбинӣ мекунад. 

Ҳукумати Олмон ӯҳдадор шудааст, ки барои таъмини дастрасии баробар ба ваксинаҳои зидди COVID-19 30 миллион воя ваксина ҷудо намояд ва таҳвили имрӯза як қисми он мебошад.  Инчунин, ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон таҷҳизот ва лавозимоти тиббии миси  воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, қуттиҳо барои моддаҳои хатарнок ва маводҳо барои дезинфексия ба маблағи умумии 1 миллион евро тақдим наамуд. Онҳо барои таҳкими иқтидори кормандони тиббӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таъсири манфии COVID-19 дар мамлакат равона шуданд, омадааст дар иттилоия.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон қаблан тавассути барномаи COVAX 1,692,100 вояи ваксинаи зидди COVID-19-ро дастрас кардааст.

Мақомоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр гуфтанд, ки  дар шаҳри Душанбе нақшаи моякубӣ бар зидди COVID-19 тақрибан 92 фойиз иҷро шудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то 31-юми август дар саросари кишвар беш аз 34 дарсади сокинони аз 18-сола боло ваксина гирифтаанд. Ба изҳороти вазорат, танҳо дар як ҳафтаи ахир тақрибан 118 ҳазор нафар алайҳи коронавирус ваксин зада шуданд. Ба қавли мақомот аз замони хуруҷи ин беморӣ ба кишвар беш аз 4 миллиону 760 ҳазор воя ваксинаи «Коронавак», AstraZeneka ва Moderna ворид шудааст. Ваксинаи русии “Спутник V” ба миқдори 60 ҳазор воя танҳо дар дармонгоҳои шаҳри Душанбе дастрас будааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки дар миёни як бахши ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бемайлӣ ба эмшавӣ бар зидди коронавирус вуҷуд дорад, ки аз сӯе аз беэътимодӣ ба таъсири мусбати он ва аз сӯи дигар, аз эҳсоси тарс аз паёмадҳои қабули ин воксинаи нав дар илми тиб маншаъ мегирад. Вале таҳқиқоти донишмандони ғарбӣ нишон медиҳад, ки эмшавӣ бар зидди коронавирус хатари олудашавӣ ба онро кам карда, дар сурати сироят ёфтан дар ҳолатҳои хеле кам инсон бо хатари ҳолатҳои сангини беморӣ ваё марг рӯбарӯ мешавад.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Активно укрепляем отношения с Китаем


Спорт в России и мире
Москва

В УФСИН России по Республике Дагестан прошли лично-командные соревнования по легкой атлетике


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Теннисисты Рублев, Хачанов и Самсонова не сыграют на Олимпиаде-2024


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Козлов: Россия и КНДР прорабатывают возможность запуска прямых рейсов





Путин в России и мире
Москва

Путин летит к Ким Чен Ыну. Россия и Северная Корея станут стратегическими партнёрами


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Фёдор Шаляпин

«Всю жизнь я зарабатывал пением и… легким аферизмом». Прохор Шаляпин раскрыл источники дохода в шоу «Вкусно с Анфисой Чеховой» на ТВ-3



Москва

Завершение госпрограмм: банки останавливают прием заявок на льготную ипотеку

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net