Ҷабборов гуфт, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро аъзои АвруОсиё дидан мехоҳад
Президенти Қирғизистон гуфт, ки Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро увзи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дидан мехоҳад. Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, ки Содир Ҷабборов ин суханҳоро рӯзи 30-юми август дар Бишкек зимни мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баён кард.
Қирғизистон соли 2015 ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил шуд ва ҳамроҳ бо Арманистон, Беларус, Русия ва Қазоқистон ба як фазои воҳиди иқтисодӣ ворид гардид. Ҷабборов рӯзи душанбе гуфт, ки узвияти Бишкек дар ин созмон барои рушди саноати истеҳсоливу кишоварзии кишвар “натиҷаҳои мусбат” овард ва имкони дар корхонаҳои кишварҳои узв кор кардани шаҳрвандонашро фароҳам кард. Ҳузури муҳоҷирони кории Қирғизистон дар Русия ва дигар кишварҳои узви ин созмон ҳам аз лиҳози қонунӣ мусоидтар мебошад.
Даҳ рӯз пеш собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам айни чунин даъватро ба забон овард ва дар мулоқот бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар шаҳри Остона гуфт: "Иттиҳоди иқтисодии Авроосиёро бояд қавитар кард ва барои ин бояд Тоҷикистон ва Узбекистон -- ҳамсоякишварҳои мо шомили он шаванд". "Бо Турманистон ҳам бояд кор кард, то ки шомили иттиҳод шавад",- гуфтааст ӯ.
Вале мақомоти тоҷик ҳафт сол ба ин сӯ, аз замони таъсиси ин созмони зери назари Русия мегӯянд, ки Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё «андеша дорад». Мансабдорони Русия солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро ташвиқ мекунанд, ки ба ин Иттиҳод ҳамроҳ шавад. Муҳоҷирони тоҷик низ ба хотири баъзе аз имтиёзу сабукиҳо ҷонибдори пайвастан ба ЕАЭС ҳастанд.
Узвият дар иттиҳод интиқоли озоди мол, хидматрасонӣ, танзими андозҳои гумрукӣ, сармоя ва нерӯи кориро миёни кишварҳои узв пешбинӣ мекунад.
Даъвати президенти Қирғизистон ба узвият дар ин созмон дар ҳолест, ки бархе мақомдорони маъмурияти пешини ин кишвар узвият дар ин созмонро интиқод карда буданд. Аз ҷумла, 2-3 соли ахир бо сабаби пеш омадани мушкилоти иқтисодию сиёсӣ бо Қазоқистони ҳамсоя, бархе мақомдорони Қирғизистон гуфтанд, ки шартушурути созмон дуруст иҷро намешавад. Як мушкили ҷиддии дигар дар нобаробарии вазъи иқтисодии кишварҳои узв аст, ки дар даромадҳои гумрукиву иқтисодии дигар кишварҳо таъсиргузор мешавад.
Ин дар ҳолест, ки аз назари бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз бозори кори Русия вобаста ҳастанд, узвияти кишвар дар созмони АвруОсиё метавонист ҳузури бемушкили онҳоро дар хоки Русия таъмин кунад.