Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Август
2021

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дувумин шатранҷбози тоҷик аст, ки гроссмейстери байналмилалӣ шуд

0
Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дувумин шатранҷбози тоҷик аст, ки гроссмейстери байналмилалӣ шуд

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи XIV байналмилалии «Tashkent Open 2021″ оид ба шоҳмот меъёри гроссмейстери байналмилалӣ ё бузургустодро иҷро кард. Ин мусобиқа аз 16-ум то 23-юми август дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи шоҳмоти Узбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Tashkent Open 2021″ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстер аз Узбекистон, дар бинои Академияи байналмилалии шоҳмоти Тошканд бо ширкати 154 шатранҷбоз аз 12 кишвар (Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Эрон) баргузор шуд.

 

Мусобиқа аз рӯи системи швейтсарӣ аз 9 давр иборат буд. Шатранҷбозон ба ду гурӯҳ – гурӯҳи асосии "А" ва гурӯҳи "В" тақсим шуданд.

Дар гурӯҳи “А” ба гроссмейстери байналмилалӣ Шант Саргсян аз Арманистон, ки бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб намуд, ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА супурда шуд. Шатранҷбози узбекистонӣ, гроссмейстери байналмилалӣ Нодирбек Абдусатторов, ки бо 6,5 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифт, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 3500 доллар сарфароз гашт. Устоди байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, ки бо 6,5 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шуд, 2500 доллар ҷоизапулӣ гирифт.

Дар ин мусобиқа ду нафар – Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев (Тоҷикистон) миёни мардон ва Нилуфар Ёқуббоева (Узбекистон) миёни занон меъёри гроссмейстери байналмилалиро иҷро карданд. Ба ҳарду сертификати FIDE (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) супурда шуд.    

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев баъди анҷоми ин мусобиқа ба сомонаи Федератсияи шоҳмоти Узбекистон аз даъвати худ ба мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Open 2021″ изҳори хушҳолӣ карда, гуфтааст, “ташаккури зиёд ба президенти Узбекистон, ки барои баргузории чунин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам кардааст. Дар Тошканд орзуи ман амалӣ шуд. Ман хурсандам, ки меъёри гроссмейстери байналмилалиро иҷро кардам. Минбаъд ҳам кӯшиш мекунам дар чунин мусобиқа, ки сатҳаш баланд аст, иштирок намоям.”

Зимнан, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дувумин шатранҷбоз аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони гроссмейстери байналмилалӣ мушарраф шуд. Аз ин пеш, соли 2002 шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов, ки феълан дар Русия ба сар мебарад, соҳиби ин унвон шуда буд. Дарвоқеъ, Амонатов дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд ду бор (солҳои 2016 ва 2018) ғолиб шудааст. Вале ӯ имсол дар ин мусобиқа ширкат надошт.

Гроссмейстери байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаеви 34-сола аз синни панҷсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Вай аз оилаи шатранҷбозон аст ва дар шаҳри Исфара ба сар мебарад. Аввалин мураббиёни ӯ волидайнаш мебошанд.

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон ва мардон, инчунин ҷоизадори чандин мусобиқоти байналмилалист. Вай панҷ бор – солҳои 2006, 2012, 2014, 2016 ва 2018 - дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот иштирок кардааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: Москва подписала ряд крупных соглашений на Петербургском форуме


Спорт в России и мире
Москва

Мастер-классы по созданию крафтовых украшений проходят в центре Москвы


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Даниил Медведев

Тарпищев о Медведеве и Рублеве: без травм сыграют в Париже лучше, чем в Токио


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Суд отправил под арест подозреваемого в убийстве пенсионера в парке Москвы





Путин в России и мире
Москва

Путин: РФ готова к переговорам только на условиях, которые уже обсуждались ранее


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

AFP: Байден объявил о выделении Киеву помощи на 225 млн долларов


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Андрей Макаревич

«Абсолютно все равно»: Богомолов рассказал об отношении к Макаревичу*



Москва

Пять выпускниц из Ступина получили по 100 баллов на ЕГЭ

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net