Гурӯҳи Толибон гуфтугӯҳоро барои ташкили ҳукумат оғоз кардааст
![Гурӯҳи Толибон гуфтугӯҳоро барои ташкили ҳукумат оғоз кардааст](https://gdb.rferl.org/b3efd716-6e32-433e-8f52-15708daef6ff_w800_h450.jpg)
Раҳбарони Толибон гуфтугӯҳоро барои ташкили ҳукумат оғоз кардаанд. Бо вуҷуди тасарруфи Кобул ва талошҳо барои барқарории тартибот, ин гурӯҳ ба таҳдидҳо аз минтақаҳои шимолӣ, ки қудрати Толибонро эътироф намекунанд, рӯбару аст.
Тибқи гузоришҳо, шумори қобили мулоҳизаи қувваҳои ҳукуматӣ ва неруҳои вижа дар дараи Панҷшер, воқеъ дар шимоли Кобул, ҷамъ омадаанд.
Гузоришҳо мегӯянд, ки Толибон садҳо тан аз ҷангиёни худро ба ин минтақа фиристодаанд. "Исломгароён нерӯҳои худро ба дарвозаҳои Панҷшер фиристодаанд",-навиштааст Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президент дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ. Оқои Солеҳ ҳоло ба дараи Панҷшер паноҳ бурдааст.
Яке аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи маъруфи зидди Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи Толибон мебошад. Аҳмад Масъуд рӯзи 22 август гуфт, ки умедвор аст гуфтугӯҳо бо Толибон натиҷабахш бошад.
Ӯ айни замон гуфт, ки неруҳояш омодаи муқовимат мебошанд. "Мо мехоҳем Толибон дарк кунанд, ки ягона роҳи пешрафт гуфтугӯ аст",-гуфт ӯ. "Мо ҷангро намехоҳем".
"Ҳамзамон, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ омодаи "даргирии дарозмуддат аст",-афзуд Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи ин гурӯҳ.