Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Август
2021

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми президенти FIAS дар Русия

0

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) оид ба самбои варзишӣ миёни мардон, ки рӯзи якшанбеи 22-юми август дар маҷмааи консертиву варзишии «Сибур Арена»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ду медал – як нишони нуқра ва як нишони биринҷӣ - ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо ва Федератсияи самбои Русия доир карданд, 54 варзишгар оид ба самбои варзишӣ миёни мардон дар ҳафт вазн (-58, -64, -71, -79, -88, -98, + 98 кг) рақобат карданд. Дар асоси дастури мусобиқа дар ҳар як вазн на бештар аз ҳашт варзишгар ширкат дошт.

Ба ин мусобиқа кумитаи тадорукоти Ҷоми президенти FIAS зӯртарин гуштигиронро аз федератсияҳои миллӣ, ки аъзои Федератсияи байналмилалианд, аз 21 кишвар - Арманистон, Беларус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Испания, Қазоқистон, Камерун, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Марокаш, Молдова, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса, Хорватия, Эрон ва Юнон даъват намуд, ки самбочиёни зӯртарини ҷаҳон – ғолибон ва ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон, ҷоми ҷаҳон ва мусобиқоти қитъавӣ - буданд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки аз ҷониби FIAS ба ин мусобиқа ҳамчун меҳмон даъват шуда буд, субҳи имрӯз, 23-юми август, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми президенти FIAS чор варзишгари маъруф – Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Ёқубҷон Боқиев ва Садр Боев - намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо ду нафар - Акмалиддин Каримов ва Садр Боев - медал гирифтанд. Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 58 кило, ки бо иштироки ҳафт вазишгар аз Гурҷистон, Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Беларус, Узбекистон ва Арманистон сурат гирифт, ба финал роҳ пайдо кард. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанг Чидрашвилии гурҷӣ мағлуб шуд. Вахтанг бо медали тилло, Акмалиддин бо медали нуқра мукофотонида шуданд. 

Паҳлавони дигари тоҷик Садр Боев дар вазни то 88 кило, ки бо ширкати ҳафт варзишгар аз Русия, Узбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Марокаш, Ветнам ва Эрон доир гардид, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин вазн Сергей Рябови русиягӣ, ки дар финал Ихтиёр Эшмуродови узбекистониро шикаст дод, бо медали тилло сарфароз гашт. Ба Рябов медали нуқра супурда шуд. Ба ғайр аз Боев, инчунин Давид Григоряни арманистонӣ медали биринҷӣ гирифт.

Вале ду паҳлавони дигари тоҷик – Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило ва Ёқубҷон Боқиев дар вазни то 71 кило – дар Ҷоми президенти FIAS ноком шуда, аз медал бенасиб монданд.    

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми президенти FIAS ба ҷуз аз медалу диплом ва тӯҳфаҳо, бо мукофотпулӣ (барои ҷойи 1-ум - 10 000, ҷойи 2-юм – 7 000, ҷойи 3-юм - 5.000 доллари ИМА) сарфароз шуданд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: Москва и Пекин подписали программу сотрудничества на 2024-2026 годы


Спорт в России и мире
Москва

В УФСИН России по Республике Дагестан прошли лично-командные соревнования по легкой атлетике


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Кирилл Скачков

Скачков и Тайлакова выиграли соревнования по настольному теннису на Играх БРИКС


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Обмен электронными транспортными накладными стал доступен участникам «Биржи грузоперевозок ATI.SU»





Путин в России и мире
Москва

СЕНСАЦИОННЫЙ ДОКЛАД ПРО ДЕЛО СКРИПАЛЕЙ, САФРОНОВА, ГОЛУНОВА.


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Найк Борзов

Братья Грим и Найк Борзов выступят в Нижегородской области в День молодежи



Москва

«Мы, блогеры, выстраиваем надежные и доверительные отношения с подписчиками»: Женя Ершов стал спикером ПМЭФ-2024

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net