Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст
![Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст](https://gdb.rferl.org/35135ad3-45c6-4a74-9936-201ec536a898_w800_h450.jpeg)
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон дар сарҳад бо Тоҷикистону Узбекистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст, аммо онҳоро "муваққатӣ" номид. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд. Қирғизистон бо Афғонистон сарҳади муштарак надорад.