Абдуллоҳи Раҳнамо: Марзи оштӣ бо Толибон куҷост?
Суқути Кобул ва пирӯзии Толибон дар Афғонистон чашмҳоро сӯйи Тоҷикистон кард, ки ба фарқ аз ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ ва шариконаш дар қаламрави пасошӯравӣ ягона кишварест, ки то ҳол бо Толибон гуфтушуниде анҷом надодааст.