Аз Покистон хостанд, ки ҳукми кӯдаки 8-сола бекор шавад
![Аз Покистон хостанд, ки ҳукми кӯдаки 8-сола бекор шавад](https://gdb.rferl.org/820f4a48-d746-4791-9b2f-2affe0c33f92_w800_h450.jpg)
Баъди содир шудани ҷазо барои тавҳин ба ислом нисбати писарбачаи 8-сола ва ҳам ҳамлаи издиҳом ба як ибодатгоҳи ҳиндуҳо, созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International аз Покистон тақозо кард, ки ҳимояти мардуми ҳинду ва аққалиятҳои дигарро тақвият бахшад. Тибқи гузоришҳо, кӯдак дар китобхонаи як масҷиди деҳаи Бонги Пунҷоб пешоб карда бо ин амалаш мавриди ҷазо қарор гирифт. Дар Покистон таҳқири Ислом ҷазои ҳукми маргро пешбинӣ мекунад, ҳарчанд то ҳол ҳукми ҳеҷ нафаре аз рӯи ин иттиҳом содир нашудааст.
Мунаққидон гуфтанд, ки ин қонун маъмулан барои ҳалли даъвоҳои хусусӣ истифода мешавад. Овозаҳо дар бораи тавҳин ба ислом метавонад баосонӣ боиси раҳпаймоиҳо дастаҷамъонаву ҳамлаҳои тӯдаӣ шавад. Риммел Муҳиддин, як фаъоли ҷамъиятӣ ба Афви байнулмилал гуфтааст, ки қонуни тавҳин маъмулан зидди аққалиятҳои миллӣ истифода мешавад ва ҳоло, дар баробари ин ки иттиҳомоти “масхараомези кӯдак бояд бекор шавад, ӯ, наздиконаш ва ҳам аъзои дигари ҷомеаи ҳиндуҳо ба ҳимояти билофосила ниёз доранд”.