"Туркманбошӣ", роҳ ва нафт. Тоҷикистону Туркманистон ба "ҷанги ниҳонӣ" хотима доданд?
Ишқобод (Ашхобод) аз соли 2017 ба ин тараф монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд. Дар ин муддат сабаби сардии рафтори ҷонибҳо фош нашуд, вале Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи президенти Тоҷикистон, 7 август ба Озодӣ гуфт, "муносибати ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳод".