Толибон маркази Нимрӯзро "гирифтаанд". Нигарониҳо аз куштори ғайринизомиён дар Афғонистон. ВИДЕО
![Толибон маркази Нимрӯзро](https://gdb.rferl.org/94e03140-4868-4bf6-af80-ee80257e1190_cx0_cy12_cw0_w800_h450.jpg)
Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи ҷумъа назорат бар шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз (дар марз бо Эрон)-ро ба таври пурра дар ихтиёр гирифтаанд. Ин аввалин маркази як вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи ифротӣ суқут мекунад.