Дар Суғд 19 шаҳрванди Қирғизистонро бо гуноҳи марзшиканӣ ҷазо додаанд. ВИДЕО
Дар шаш моҳи аввали имсол дар шимоли Тоҷикистон 19 шаҳрванди Қирғизистонро боздошту муҷозот кардаанд. Бахтиёр Оқилзода, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, 30-юми июл гуфт, ин афрод "барои бе санад ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон" гунаҳкор шуданд.