Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Июнь
2021

Сармураббии "Равшан" пас аз "нофаҳмиҳо" дар ин даста аз мақомаш истеъфо дод

0
Сармураббии

Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии тими футболи "Равшан"-и Кӯлоб пас аз ихтилофҳои чандҳафтаина дар ин даста, аз мақомаш истеъфо додааст. Шуморе аз бозигарон ва сармураббӣ якдигарро дар бурузи ин ихтилоф айбдор мекунанд.

Ғайраталӣ Мираҳмадов рӯзи 24-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар шикоятҳои зиёд дар нисбаташ, дирӯз тасмим гирифт, ки ба фаъолияташ дар ин даста поён диҳад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз маълум нест, ки раҳбарии дастаро кӣ ба дӯш мегирад. "Бо бозингарон ба мувофиқа нарасидем, бинобар ҳамин, тасмим гирифтам, ки дастаро тарк кунам",-афзуд Ғайраталӣ Мираҳмадов.

Ихтилоф миёни бозингарон ва сармураббии дастаи "Равшан" баъди мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ бо дастаи ССКА-и Душанбе ба миён омад. Дар пайи ин ихтилофҳо, "Равшан" рӯзи 6-уми июн бозиаш бо дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро бидуни сармураббӣ баргузор кард.

Бозингарон дар як номаи дастаҷамъӣ ба муассисон шикоят кардаанд, ки натиҷаҳои соли гузашта боиси "аз худ рафтан"-и сармураббӣ гашта, дар мавсими нави футбол боиси нокомиҳо гашта. Дар як мактуб бо имзои 21 бозигари тими "Равшан" футболзонон навиштаанд, бо ҳамин сабабҳо дигар намехоҳанд бо сармураббии феълӣ мавсими имсоларо пушти сар кунанд.

Аммо сармураббии даста гуфт, ки ин ихтилоф на миёни ӯ, балки аввал аз миёни худи бозингарон оғоз шуд. Ғайраталӣ Мираҳмедов, сармураббӣ дастаи "Равшан"-и Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ихтилоф ҳини бозӣ бо дастаи ССКА-и Душанбе, сар зад.

"Бубинед, дар тамоми клубҳо баъди нокомиҳои пай дар пай бояд дар даста тағйирот ворид карда шавад. Ҳангоме, ки даста бозии худро бо ССКА-и Душанбе анҷом медод, 3:1 бурда истода буданд. Аммо дар қисмати дуюм бачаҳо маҳорати хуб нишон надоданд ва бози мусовӣ, яъне 3:3 анҷом ёфт. Мо маҷбур шудем, ки ба даста тағйирот ворид кунем. Ҳамин сабаб шуд, ки дар миёни даста ихтилоф пайдо шавад",-гуфт Ғайраталӣ Мираҳмедов.

Дастаи "Равшан" соли гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд ва дар марҳилаи  гуруҳии Ҷоми AFC-2021 ширкат кард. Ин даста дар ҳоли ҳозир бо 12 имтиёз миёни 10 тими Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мақоми чаҳорум қарор дорад. Бозии ояндаи худро "Равшан" бо "Истиқлол"-и Душанбе анҷом медиҳад.

Ёздаҳ сол пеш бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти Лигаи олӣ зери суол рафта буд. Ин даста дар пайи дахолати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт ва ширкаташро дар мусобиқаҳо идома дод. Вале баъди ҳашт сол дастаи "Равшан" дигарбора ба мушкилӣ молӣ дучор шуд ва маҷбур шуд, автобуси ҳадякардаи президент Эмомалӣ Раҳмонро фурӯхта дар Лигаи аввали футбол мавқеашро нигоҳ дорад.

Дастаро то соли гузашта ҳукумати шаҳр ва вилоят сарпарастӣ мекард, аммо баъди баромадан ба Лигаи олӣ, сарпарастии дастаро бозори "Ҳоҷи Шариф” ба ӯҳда гирифтааст. Бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб яке аз дастаҳои сермухлистарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: Москва и Пекин подписали программу сотрудничества на 2024-2026 годы


Спорт в России и мире
Москва

Военно-спортивный фестиваль Росгвардии в «Лужниках» собрал более 20 000 москвичей и гостей столицы


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Самсонова обыграла Александрову и вышла в финал турнира WTA в Хертогенбосхе


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Российские компании придерживаются собственного подхода в ESG





Путин в России и мире
Москва

СЕНСАЦИОННЫЙ ДОКЛАД ПРО ДЕЛО СКРИПАЛЕЙ, САФРОНОВА, ГОЛУНОВА.


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Жанна Агузарова

Жанну Агузарову -награждённую титулом «Легенда вне времени» вырезали



Москва

Житель Токмака приговорён к пяти годам колонии за подготовку теракта

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net