Тоҷикистон аз ошкор шудани 32 бемори COVID-19 дар ду рӯзи охир хабар дод
Дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти СOVID-19 ошкор шудааст. Оҷонсии давлатии "Ховар" шоми рӯзи 22-уми июн ба истинод ба Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар дар ду рӯзи гузашта, 21-уми июн 17 нафар ва 22-уми июн 15 нафар ба бемории СOVID-19 гирифтор шудани сокинон сабт шудааст.