Дар Тоҷикистон ҷазо барои озори ҳайвонҳоро сахттар карданд. ВИДЕО
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Порлумони Тоҷикистон, ҷазо барои озору азияти ҳайвонот, аз ҷумла ҷонварони бесоҳибро сахттар кард. Вакилон гуфтанд, ин кор бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифта, ҳадафаш таҳкими ҳимоят аз ҷонварон аст.