Чанд сокини Хуросон, аз ҷумла се занро барои тазоҳурот ҳабсу ҷарима кардаанд
Даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои иштирок дар эътироз ва бастани роҳи Бохтар – Душанбе ҳабсу ҷарима кардаанд. Ҳукми онҳо моҳи ноябри соли 2020 эълон шуда, тафсилоташ танҳо рӯзи 9-уми феврали имсол ошкор шуд.