Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Январь
2020

Изҳороти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз музокирот дар марз. ВИДЕО

0
Изҳороти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз музокирот дар марз. ВИДЕО

Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ ва бахусус кам кардани муноқишаҳо байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ рӯзи 14-уми январ дар маҳаллаи Гулистони Исфара оғоз шуд. Ду тараф эътироф мекунанд, ки вазъ дар марз печида аст, аммо таъкид мекунанд, ки бояд амнияти сокинон ҳифз шавад. Ҷониби Тоҷикистонро Азим Иброҳим, муовини нахуствазир, раҳбарӣ дорад. Ҳайати Қирғизистонро муовини сарвазири он кишвар Ҷениш Раззоқов. 

Ҷениш Раззоқов рӯзи 14-уми январ пеш аз оғози музокирот дар Исфара гуфт, ки тоҷикону қирғизҳо "дӯсту бародар ҳастанд, вале ҳалли масъалаи марз аввалиндараҷа аст".

"Дуруст зикр кардед, ки дар муносиботи ду кишвар мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надорад. Роҳбарони ду кишвар дастур доданд ва, фикр мекунам, бояд имрӯз суҳбати ошкор дошта бошем ва амнияти сокинони минтақаҳои наздимарзиро таъмин кунем. Имрӯз бояд заминаи ҳуқуқии шаклгирии марзи миёни кишварҳоямонро фароҳам созем," -- афзуд ӯ.  

Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, масъалаи марз ва муноқишаҳои сокинони наздисарҳадӣ яке аз мавзуъҳои "дарднок" ва мавзӯи асосии музокирот аст.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, гуфт, дар минтақа аввал марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва сипас кишварҳои мустақил ташкил шуданд, ки зарурати муайян кардани хатти марзро ба миён овардааст.

"Сокинон дар ин солҳо бо ҳам хешу табор шуданд ва фикр намекунам сабабе бошад, ки онҳо ба якдигар дарафтанд. Мардум худро бояд дар фазои амн эҳсос кунанд, зеро ҳеч гуноҳ надоранд. Мо бояд чунин масъаларо ҳал кунем, ки сокинони минтақа дигар шубҳае накунанд, ки масъала ғайриқонунӣ ҳал шудааст. Мо бояд ин мушкилро дар заминаи манфиатҳои ҳарду ҷониб ва барои ҳарду тараф судовар ҳал кунем," -- таъкид кард ӯ.

Видео аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ:

Ин суҳбатҳоест, ки раҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз музокирот ва дар рӯбарӯи хабарнигорон баён карданд, вале ончи дар нишастҳои ҷудогона ва паси дарҳои баста мегузарад, то ҳол ба матбуот маълум нест. Ба ҳайатҳои ду ҷониб раҳбарони ниҳодҳои қудратии ду кишвар низ шомиланд.

Аммо музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳҳои ахир вазъият дар марзи ду кишвар печида шуда, бар асари сангандозиву тирпарронӣ чанд нафар захмиву кушта шуданд.

Аз ҷумла, шаби 10-уми январи имсол дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ сар зад. Он шаб садои тир шунида шуда, сокинони наздимарзӣ ба сӯи мошинҳои якдигар санг партофтанд. Ба иттилои мақомоти қудратӣ, чаҳор сокини Қирғизистон ба далели иғвогарӣ боздошт шудаанд. Рӯзи 13-уми январ чанд нафар дар Бишкек гирдиҳамоӣ карданд ва озодии боздоштшудаҳоро талаб намуданд.

Сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, авзоъ дар марзи ду кишвар мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад ва дигар садои тирандозӣ ба гӯш намерасад.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Кумитаи марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки посбонон аз ду тарафи марз гаштзаниро идома медиҳанд ва ҷанҷолу кашмакаш дигар дида намешавад. Вале айни замон ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша муттаҳам мекунанд.

Мақомот мегӯянд, яке аз сабабҳои асосии муноқиша комилан мушаххас набудани марзҳои ду кишвар аст. Аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 400 километраш муайяну аломатгузорӣ нашудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳо боз идома дорад, аммо бенатиҷа. Ду тараф барои ҳалли масъала роҳҳои гуногун ва харитаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

Дар ҳоле ки ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон машғули таъйини хатти марз ҳастанд, сокинони деҳаҳои наздимарзӣ гоҳе барои соҳибӣ ба манбаи обу чарогоҳ ва роҳу замин бо ҳам даст ба гиребон мешаванд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: Объем закупок у малого бизнеса с 2024 года составил почти 227 миллиардов


Спорт в России и мире
Москва

Баскетболисты пойдут кругами // Единая лига ВТБ пересмотрела формат проведения чемпионата


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Уимблдон

Соболенко и Димитров вместе потренировались на «Уимблдоне»


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Зарядные станции для электрокаров в некоторых регионах России станут обязательными - закон





Путин в России и мире
Москва

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: признание Нато надо применить!


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

За что Лукашенко должен извиняться перед Арменией?




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

США обязаны передать Киеву "эскадрильи истребителей", заявил Зеленский


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Коммерсантъ

Биометрии расширяют границы // Подтвердить персональные данные станет проще



Москва

Растут объемы производства

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net