Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Январь
2020

"Ислоҳот" дар порлумони Узбекистон. Тоҷикистон дар остонаи "тағйирот"?

0

Ба интихоботи порлумонии Узбекистон, ки чанде пеш баргузор шуд, таваҷҷуҳи хос равона шуда буд. Он ҳам ба умеди ислоҳоте, ки президент Шавкат Мирзиёев ваъда кардааст. Бино ба натиҷаҳои интихобот ҳайати порлумони Узбекистон "ҷавонтар" шуда, ба он занони бештар шомиланд. Вале ба назар мерасад, тағйироти чандоне сурат нагирифтааст. 

Узбекистон бо сари қудрат омадани раҳбари наваш Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 худро ба ҳайси як кишвари дар ҳоли тағйир ва таҳаввулоти муҳиме қарор дод. "Ислоҳот" яке аз калимаҳои серистифодаи мансабадорони узбек аст. Бисёриҳо дар хориҷ низ дар баробари ҳукумати Мирзиёев ҳамин вожаро истифода мебаранд. 

Панҷ рақиб, аммо ҷонибдори ҳукумат

Даври дувуми интихоботи Маҷлиси Олӣ, палатаи поёнии порлумони Узбекистон, рӯзи 5-уми январ баргузор шуд. Палатаи поёнии порлумони Узбекистон аз 150 курсӣ иборат аст. Баъди як рӯзи интихобот натиҷаҳои ниҳоии онро гуфтанд ва маълум шуд, ки чӣ гуна курсиҳоро байни панҷ ҳизби рақиб, аммо тарафдори ҳукумат, тақсим кардаанд. Пас аз ин интихобот ҳатто ҳомиёни сарсахти ҳукумат маҷбур шуданд иқрор кунанд, ки "тағйироти хосе нашудааст".

Панҷ ҳизб ин навбат ҳам аз сиёсати президент пуштибонӣ карданд. Ва боз ҳизбҳои мухолиф ва номзадҳои мустақил аз созмонҳои иҷтимоӣ ба интихобот роҳ наёфтанд. 

Аммо муҳимтар ин воқеият аст, ки дар системаи сиёсии Узбекистон, мисли пешина, ҳукумати иҷроия дасти дароз дорад. Бо вуҷуди онки президент солҳои дароз ба тақвияти ҳукумати қонунгузор даъват мекунад, порлумон ҳанӯз ихтиёроти кам дорад. 

Тақсими курсиҳои порлумон миёни панҷ ҳизб дар интихоботи ахир бо натиҷаҳои интихоботи соли 2014 чандон фарқи зиёд надорад. Ҳизби либерал-демократи Узбекистон соҳиби 53 курсӣ (дар интихоботи гузашта соҳиби 52 курсӣ), ҳизби "Милли тикланиш" соҳиби 36 курсӣ (дар гузашта низ ҳамин миқдор), ҳизби "Адолат" соҳиби 24 курсӣ (ду курсӣ бештар) ва ҳизби халқии демократӣ соҳиби 22 курсӣ (панҷ курсӣ камтар) шудааст. 

Ҳизби экологии Узбекистон бори аввал ба ҳайси созмони сиёсӣ дар интихобот иштирок кард ва соҳиби 15 курсӣ шуд. Дар интихоботҳои 2009 ва 2014 он ба унвони Ҷунбиши экологӣ буд ва қонунгузорӣ барояш 15 курсиро ҳамчун квота ҷудо карда буд.

Одамони нав?

Зоҳиран бисёре аз аъзои нави порлумони Узбекистон одамони нав ҳастанд. Аз миёни вакилони нав интихобшуда тақрибан насаби 40 нафари онҳо бо насаби вакилони давраи гузашта монанд аст. Гузашта аз ин, ҳайати вакилон ҷавонтар хоҳад буд. 

Бино ба иттилои Кумисюни марказии интихоботи Узбекистон, беш аз 64 дарсади вакилон аз 30 то 50-солаанд ва шаш дарсад камтар аз 30 сол доранд. Дар ҳайати куҳнаи порлумон 48 вакил беш аз 50-сола буданд.

Дар порлумони нав узви калонсол сардабири нашрияи "Узбекистон овози" Сафар Остонов хоҳад буд, ки 71 сол дорад. Вай узви ҳизби либерал-деморкати Узбекистон аст. Ҷавонтарини онҳо Шерзод Раҳмонови 26-сола аст. 

Тақрибан 30 дарсади аъзои порлумони Узбекистон занҳо ҳастанд. Ба ҳайати нави порлумони Узбекистон 48 зан шомиланд, дар ҳоле ки дар ҳайати куҳна онҳо 24 нафар буданд. 

Доварӣ кардан душвор аст, ки оё ҳузури афроди нав, бахусус занону ҷавонон дар Маҷлис метавонад як тағйири муҳим бошад ё не. Аммо билохира квотаи гендерӣ ё ҷинсиятӣ риоят шуд ва ба иттилои Кумисюни марказии интихоботи Узбекистон синни миёнаи вакилон каме беш аз 46 аст.

Тоҷикистон дар остонаи интихобот

"Ислоҳот" дар порлумони Узбекистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар остонаи интихоботи нави порлумонӣ қарор дорад ва баъзе коршиносон аз эҳтимоли "тағийрот" дар ниҳоди қонунгузор суҳбат мекунанд. Бахусус "ҷавонтар" шудани ҳайати он. Интихобот рӯзи 1-уми март баргузор хоҳад шуд. 

Порлумони Тоҷикистон аз ду палата иборат буда, палатаи поёнии он Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда мебошад. Дар ҳарду палатаи порлумон аъзои ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳузури густарда доранд. Аз ҷумла, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон беш ҳафтод дарсади онҳоро вакилони ҲХДТ ташкил медиҳанд. 

Намояндагони 5 ҳизби дигар, ки ба порлумон роҳ ёфтаанд, ба сурати умум аз муттаҳидони ҳизби ҳоким шумурда мешаванд. Коршиносон порлумони феълиро, ки ба кораш ду моҳи дигар мондааст, дар муқоиса бо порлумонҳои қаблӣ "орому хомӯш" арзёбӣ мекунанд. Ҳарчанд худи вакилон мегӯянд, ки онҳо дар баррасии масъалаҳо фаъоланд ва бештар аз мавқеи сокинон ҳимоят мекунанд. 

Тақрибан бист дарсади намояндагони порлумони Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва ҳамаи онҳо узви ҳизби ҳоким ҳастанд. Дар давраи қаблӣ шаш вакили зан буд.

Ҳоло маълум нест, интихоботи моҳи март чӣ тағйиротеро дар порлумони Тоҷикистон ворид хоҳад кард. Порлумони нисбатан ҷавону ҷаласаҳои пурбаҳсро шоҳид хоҳем буд, ё ҳамон тавр ки баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд "вакилони бознишаставу сокитро"?






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: Объем закупок у малого бизнеса с 2024 года составил почти 227 миллиардов


Спорт в России и мире
Москва

Пожар у станции «Динамо» в Москве потушен


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Александрова вышла во второй круг турнира WTA в Хертогенбосе


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Составлен ТОП-3 регионов-лидеров по числу пунктов приема вторсырья





Путин в России и мире
Москва

Путин обсудил с и. о. президента Ирана взаимодействие внутри БРИКС


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Видео: Истерика в Ереване: Пашинян против Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Почему Зеленский не убедил саудовского принца, кража денег РФ, что готовят против России на саммите НАТО: обзор мировой политики 13 июня


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Концерт

Концерт к юбилею Пушкина проведут в Культурном центре «Интеграция» на Саянской



Москва

Праздник Курбан-Байрам отметят в Химках 16 июня

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net