Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Январь
2020

Муноқиша дар марз. Тирпарронӣ аз ҷониби Тоҷикистон буд, ё Қирғизистон?

0
Муноқиша дар марз. Тирпарронӣ аз ҷониби Тоҷикистон буд, ё Қирғизистон?

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки шаби 10-уми январ дар марзи ду кишвар (байни деҳаи Сомониёни Исфара ва Куктоши Бодканд) муноқиша сар зад. Гуфта мешавад, сангандозии сокинони ду тараф ба сӯи мошинҳои якдигар шабона боис ба сар задани низоъ шудааст. Ҷонибҳо якдигарро муттаҳам мекунанд, ки даст ба тирандозӣ ҳам задаанд. 

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ бо пахши изҳорот шаҳрвандони Қирғизистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор кард. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки афроди номаълум ба сӯи шаҳрвандони Қирғизистон тирпарронӣ карда, сипас дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи мошинҳои сокинони Тоҷикистон сангпартоӣ карда, баъдан аз силоҳ истифода бурдаанд.

Дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, "шоми 9-уми январ гурӯҳи бузурги сокинони маҳаллаи Кӯктош, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, ба гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳи деҳаи Сомониён монеа эҷод карданд".

"Тахминан соати 21:30 мошинаи тамғаи "Мерседес Бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд. Дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг заданд", -- гуфта мешавад дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар изҳороти худ гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон мошинеро дар маҳалли Кочо-Карин сангборон кардаанд. Ин мошин аз Бодканд ба Кӯктош равон буд ва шишаи пеши мошин шикаста шудааст. Сипас, ба иттилои Хадамоти марзбонӣ, "тақрибан соати 2:40 дақиқа шаҳрвандони Тоҷикистон ҳавлии шаҳрванди Қирғизистон дар маҳалли Дахмаро сангборон карданд".

"Марзбононе, ки якҷо бо намояндаҳои сохторҳои қудратӣ ба сӯи манзили шаҳрванди Қирғизистон равон буданд, аз қаламрави Тоҷикистон аз камони шикорӣ тирборон шуданд", -- гуфтаанд дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон ва афзудаанд, "тирпарронӣ бо таваққуф ва танҳо аз самти Тоҷикистон сурат мегирифт".

Дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, соати 2-и шаби 10-уми январ сокинони маҳаллаи Куктош аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд. Инчунин ба гуфтаи мақомоти тоҷик, соатҳои тақрибан 4-и субҳ аз тарафи Қирғизистон бо камони шикорӣ ба мошини шахсии корманди Шӯъбаи корҳои дохилии Исфара Фарҳод Икромзода тирандозӣ шуд.

"Хушбахтона, тир ба дари мошина бархӯрда, ба худи ронанда зарар нарасидааст", -- омадааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон. 

Ҳарду тараф мегӯянд, феълан вазъ дар марз зери назорат аст. Як гурӯҳи тафтишотӣ аз мақомоти ду кишвар ба гуфтаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон, ба фаъолият оғоз карданд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар миёни шаҳрвандони Қирғизистон осебдидаҳо ҳастанд ва шишаҳои мошинҳо шикаста шудаанд. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар "Фейсбук" навиштааст, то ҳанӯз дар мавриди осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин тирпарронӣ иттилое нарасидааст.

Як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло маҳалли муноқиша ором аст, вале сокинон аз такрори таниш дар хавотиранд ва канори деҳа ҷамъ омадаанд. Ӯ афзуд, нимашаби гузашта садои тирандозии сахт сокинон сахт парешон кард.

Деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ канори ҳам ҷойгиранд. Ин ду деҳа аз мавзеъҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи сарҳадӣ маҳсуб меёбанд, ки дар он сокинони тоҷику қирғиз канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва гоҳу ногоҳ байни сокинон сари соҳиб шудан ба манобеи обу замин, баҳсу муноқишаҳо рух медиҳад. Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон, ки асосан байни сокинон сар мезанад дар гузашта чандин кушта барҷой гузоштааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Неделя мэра


Спорт в России и мире
Москва

«Шушумагия» и «Команда МАТЧ» – в топ-25 мультсериалов на «Кинопоиске»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Потапова проиграла на старте турнира WTA-500 в Страсбурге


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Станислав Кондрашов Telf AG: Китай стремиться к экологически чистому производству





Путин в России и мире
Москва

Санкт-Петербург не смог обойти Москву в рейтинге жизни населения


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Запись от имени Президента Беларуси сделана в книге соболезнований в посольстве Ирана




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский объяснил, почему не хочет приглашать РФ на «саммит мира»


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Шнуров

Любовь Аксёнова, Сергей Шнуров, Ольга Сутулова, SLAVA MARLOW и другие гости премьерного показа фильма «Майор Гром: Игра»



Москва

Пассажиры загоревшейся в Солнечногорске электрички не пострадали

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net