Ду зилзила Тоҷикистонро такон дод
Субҳи 18-юми апрел ду заминларза чанд минтақаи Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахтро такон дод. Як зилзила соати 7:54 ва дуввумӣ соати 8:16 сабт шудааст.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 2-3 ва дар ноҳияи Тоҷикобод 2 дараҷаро ташкил медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, "дар натиҷаи ин ҳодиса хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст".
Маркази ҳарду зилзилаи субҳи 18-уми апрел ҳудуди Афғонистон гузориш шудааст. Баъзе расонаҳои форсизабон, аз ҷумла "Афғонистон интернешнл" гузориш доданд, ки қувваи заминларза дар Афғонистон ба 5,3 дараҷа баробар аст. Маълум нест, ки ин ҳодиса чӣ хисороте дар пай доштааст.
Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд. Аввали моҳи апрели имсол бар асари зилзила ҳашт нафар дар вилояти Кобули Афғонистон ҷон бохтаанд. Дар ин зилзила 22 хона дар минтақаи Рашти Тоҷикистон зарар дид.
