Оташсӯзӣ дар фурудгоҳи Кувайт пас аз ҳамлаи паҳбодӣ
Мақомоти кувайтӣ эълон карданд, ки бар асари бархӯрди як паҳбод ба анбори сӯхт дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кувайт, сӯхтор рух дода, аммо ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс пресс", Идораи умумии ҳавопаймоии Кувайт эълон кард, хисоротҳо "маҳдуд" буда, нерӯҳои имдодрасон фавран барои хомӯш кардани оташ вориди амал шудаанд.
Ин севумин ҳамла ба фурудгоҳи Кувайт аз замони оғози ҷанг дар 28 феврал аст. Пештар низ ҳамлаҳое ба анбори сӯхт ва сомонаи радарии ин фурудгоҳ гузориш шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, фаъолияти ин фурудгоҳ аз оғози даргириҳо қатъ шуда ва парвозҳо ба фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ, аз ҷумла, Дамом, анҷом мешаванд.
Мақомҳои кувайтӣ ҳамчунин эълон карданд дар тозатарин мавҷи ҳамлаҳо, 13 паҳбод ва шаш мушак раҳгирӣ шуд ва бонги хатар беш аз 10 бор дар тӯли шаб ба садо даромадааст.
