Ҳалокати мактабхони 9-сола дар Шуғнон дар пайи ҳамлаи як гург
Дар пайи ҳамлаи гург дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шуғнон, кӯдаки тақрибан 9-сола фавтидааст.
Бино ба иттилои мақомот ҳодиса рӯзи 9-уми феврал дар деҳаи Шазуди Ҷамоати Ванқалъа рух додааст.
Гурги гурусна дар роҳ ба мактаб ба як хонандаи синфи се ҳуҷум кардааст. Ҷузъиёти бештари ҳодиса маълум нест.
Сомонаи Pamir Inside, ки ҳодисаҳои ВМКБ – ро бозтоб медиҳад, рӯзи 11 уми феврал навишт, ки дар пайи ҳамлаи гург ба хонанда, раиси вилоят ба раҳбарони ноҳияҳо дастур додааст, ки дар минтақаҳои куҳӣ мактаббачаҳо бо роҳнамоии калонсолон ба мактаб бурда шаванд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар сурати мушоҳидаи гургон дар наздикии хонаҳои худ фавран ба милиса хабар диҳанд.
Дар фасли сармо хатари ҳамлаи гургу ҷонварони дигари ваҳшӣ ба сокинон дар Бадахшон зиёд мешавад.
Дар гузашта низ дар ин минтақа дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ маргу мири сокинон сабт шуда буд.
Ба навиштаи Pamir Inside, солҳои ахир шумори гургон дар Вилояти Бадахшон зиёд шудааст.
Дар зимистон даррандаҳо аз гуруснагӣ маҷбур мешаванд ба маҳаллаҳои аҳолинишин ворид шаванд.
