Дар Тоҷикистон ҷазо барои напардохтани алимент сахттар мешавад
Дар Тоҷикистон ҷазо ё маҳдудият нисбати шахсоне, ки аз пардохти алимент ба фарзандони худ саркашӣ мекунанд, сахттар мешавад. Мақомоти Хадамоти иҷро дар ин бора рӯзи 10 уми феврал хабар доданд.
Падар ё модароне, ки пули алименти фарзандонро пардохт намекунанд, ҳоло ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ё "рӯйхати сиёҳ"-и Хадамот ворид шуда, ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси ин ниҳод дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, дар оянда шахсони қарздор, ҳамчунин аз ҳуқуқи истифодаи хидматрасониҳои давлатӣ ва хадамоти гуногун мисли пардохти андоз барои воситаи нақлиёт, сабти туйи домодиву арусӣ, иҷоза барои оғози корҳои сохтмонӣ низ маҳрум мегарданд.
Ба иттилои расмӣ, ҳоло исми зиёда аз 3 ҳазору 800 нафарро, ки аксарият пули алиментро пардохт накардаанд, ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид намудаанд, ки ин омор дар муқоиса ба соли пеш аз 2 ҳазор нафар зиёд будааст.
