Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Дар Тоҷикистон 200 зани хушунатдида қасди ҷони худ кардааст

0

Дар як соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз дусад зан қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд.

Раиси Кумитаи занон Бунафша Файзиддинзода, ки рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарии солона бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, ин оморро ташвишовар ва ҳамзамон ҳосили хушунат ё зургӯйӣ дар оилаҳо хонд. Ӯ гуфт:

“Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва мақомоти маҳаллӣ бо усули хона ба хона, деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо аҳолӣ кор мекунанд. Новобаста аз ин, аз рӯйи маълумоти ҷамъбасти сол ва рақамҳое, ки ман дар мавриди зӯроварӣ номбар кардам, ташвишовар ҳаст.”

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2025 беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.

Хушунати хонаводагӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҷурми ҷиноӣ нест. Мақомот солҳо боз ният доранд, ки онро ҷурми ҷиноӣ бишносанд, вале ин кор то кунун сурат нагирифтааст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон тобистони соли гузашта аз тарҳи нави иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ хабар дод, ки хушунат ва зӯргӯйӣ дар хонаводаро кирдори ҷиноӣ эътироф мекунад.

Ҷиноят эътироф шудани хушунати хонаводагӣ яке аз тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилал, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид аст. Ҳоло Кумитаи занон ошкор эътироф мекунад, ки дар пешгириву кам шудани ин падида чандон муваффақ нашуд.

Бунафша Файзиддинзода гуфт: “Мутаассифона, ана ҳамин омилҳо, ҳамин камбудиҳо, ҳамин мушкилот. Ба фикри худам, мо аз уҳдаи ҳамин чиз набаромада истодаем. Ба пуррагӣ мардумро фаҳмонида натавониста истодаем. Ташвиқоту тарғибот бурда истодаем, вале, мутаассифона, боз камбудиҳо ҷой доранд.”

Коршиносон ва созмонҳои байнулмилалӣ яке аз далелҳои нокомии ҷомеаҳои суннатӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ то кунун ҷиноят эътироф накардани ин кирдор медонанд.

Бино ба таҳлилҳои Кумитаи кор бо занону оила, яке аз сабабҳои зиёд будани омори азҳампошии хонаводаҳо низ хушунат, аз ҷумла дахолати хусуру хушдоман ва хоҳаршӯйҳову хоҳарзанон ба зиндагии хонаводаҳо аст.

Дар маҷмуъ дар як соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз ҳаштуним ҳазор хонавода аз ҳам пошидааст. Ҳамчунин дар пайи хушунати хонаводагӣ 212 мавриди худкушӣ ва суиқасд ба ҷон аз сӯйи занон сурат гирифтааст.

Ҳамзамон дар Тоҷикистон раванди мавриди хушунат қарор гирифтани мардон аз сӯйи занон низ зиёд шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2025-ум 590 ҳолат. Кумитаи занон мегӯяд, мардон асосан аз сӯйи хешовандони зан мавриди хушунати ҷисмонӣ қарор мегиранд.

Тоҷикистон барои коҳиши хушунат дар хонаводаҳо соли 2013 қонуни вижаи “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро пазируфт. Бо ин вуҷуд, ҳар сол мавридҳои хушунат зиёд сабт мешавад.

Ҳоло дақиқ нест, ки тарҳи ислоҳҳо ба Кодекси ҷиноӣ барои ҷиноят эътироф кардани хушунат чӣ ҷазоеро пешбинӣ мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мехоҳанд, ки ҷазо барои ҳама навъҳои хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла ҷисмонию шаҳвонӣ ва равонию иқтисодӣ таъйин гардад.






Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net