Тоҷикистон мехоҳад бо Чин низоми бераводид ҷорӣ кунад
Мақомоти Тоҷикистон масъалаи бекор кардани раводид ё визаро барои шаҳрвандони Чин баррасӣ доранд.Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон рӯи даст гирифта шудааст.
Ба таъкиди мақомдори тоҷик, ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид бо Чин метавонад ба рушди чанд бахши муҳими дигар ҳам дар кишвар мусоидат кунад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ осон кардани қоидаҳои равуоро яке аз роҳҳои асосии ҷалби хориҷиён ба кишвар хонд.
Чин яке аз бозорҳои калидӣ барои бахши сайёҳии Тоҷикистон будааст.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, ҳоло ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои арабӣ, Англия, Олмон, Фаронса, Русия, ва Кореяи ҷанубӣ барои тамошову саёҳат ба Тоҷикистон майли бештар доранд.
Бино ба омори расмӣ, соли 2025 беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон дидан кардааст.
Аз ин пеш Тоҷикистон бо Эрон низоми равуои бидуни раводидро ба роҳ монд.
Тибқи ин муқаррарот, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз тавассути ҳавопаймо ба кишварҳои ҳамдигар сафар ва иқомат кунанд.
