Бозиҳои зимистона ин бор ҳам бе варзишгарони тоҷик мегузарад
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ин дафъа ҳам бе ширкати варзишгарони тоҷик мегузарад. Онҳо бори охир дар чунин мусобиқаи муҳим бори охир соли 2014 ва дар Русия ҳузур доштанд. Мақомот сабабҳои роҳхат нагирифтани лижаронҳоро аз Тоҷикистон номбар карданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзи 5-уми феврал гуфт: “Барои ҳамаи мову шумо аён аст: инфарасохтор, имконият, база. Мо якто бошгоҳи зимистона дорем ва як мактаби варзишӣ. Вале тибқи талаботи байнулмилалӣ ҷавобгӯ нестанд."
Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – ба роҳ монда шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст.
Чаҳор варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои интихобӣ дар лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2026 талош карда, вале натавонистаанд меъёрҳои олимпиро иҷро кунанд.
Гулаҳмадзода гуфт: "Аз ҳисоби тоҷикон дар Русия ва ҷойҳои дигар се варзишгар ёфтем, ҳамкорӣ кардем, вале натиҷаҳояшон ба дараҷаи гирифтани холҳои даркорӣ нарасид. Хеле умед доштем, вале... дар ин ҷабҳа моро мебояд, ки кор кунем."
Дар ҳоле ки мақомот аз камбуди пойгоҳу инфрасохтор мегӯянд, баъзе аз коршиносони варзишӣ пешниҳодҳои худро доранд.
"Масалан, барои футбол аз кишварҳои дигар мутахассис даъват мекунанд, барои он ки таҷрибаву малакаашон бештар аст. Нигоҳашон дигар. Дар Аврупо кор мекунанд. Барои ба натиҷа расидан хеле душвор аст, лекин барои ақаллан як меъёрро иҷро кардан, 1 ё 2 нафарро сафарбар кардан даркор. Бо мутахассисон, мураббиён шартномаи корӣ банданд, машқ кунанд," – гуфт коршиноси соҳа Маҳмуд Абдуллоев.
Дар дувоздаҳ соли охир бори сеюм аст, ки варзишгарони тоҷик аз ширкат дар Бозиҳои зимистона маҳрум мемонанд.
Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 дар Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Чин низ бе ширкати намояндагони Тоҷикистон гузашта буд.
