Тарма ду қитъаи роҳро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бастааст
Ҳаракат дар яке аз шоҳроҳҳои муҳими Тоҷикистон, ки шимоли кишварро ба шаҳри Душанбе мепайвандад, тайи ду ҳафтаи охир ба душвории зиёд печидааст.
Барфи зиёде, ки аз охири моҳи январ меборад, сабаби фаромадани баҳманҳо ё тармаҳои хурду бузурге шудааст, ки роҳи Душанбе-Чаноқро барои соатҳо мебанданд ё ҳаракатро дар он бисёр сахт мекунанд.
Ширкати IRS, мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, рӯзи 3-юми феврал гуфт, тарма ду қитъаи роҳро бастааст ва поккорӣ идома дорад.
Роҳи Душанбе-Чаноқ шаҳри Душанберо бо вилояти Суғд мепайвандад ва як роҳи пурпечутоби кӯҳӣ ва айни замон муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Рӯзона аз он ҳазорон мошин ва садҳо тонна молу маҳсулот мегузарад ва қатъи равуо дар он ва таъхир дар расонидани молу коло зиёни иқтисодии зиёде ҳам мерасонад.
Мавридҳои зери барф мондану ҳалок шудани мусофирон ҳам дида шудааст. Рӯзи якуми январ дар ҳамин роҳ ва дар ноҳияи Варзоб ду нозири роҳ зери тарма монда ҷон бохтанд.
Дар ҳамин ҳол ҳавошиносони тоҷик ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои 4 ва 5-уми феврал дар роҳи Душанбе-Чаноқ хатари фаромадани баҳман ё тарма вуҷуд дорад ва аз мардум хостаанд, зимни ҳаракат ва сафар дар ин минтақаҳо эҳтиёткор бошанд.
