Тоҷикистон содироти барқро ба хориҷ зиёд кардааст
Вазорати энергетика ва захираҳои об мегӯяд, ки соли 2025 Тоҷикистон содироти барқ ба хориҷи кишварро қариб якуним миллиард киловат соат ё 37 дарсад зиёд кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар бештари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз моҳи сентябр лимит ё маҳдудияти реҷаи интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷиктстон 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷ 5,3 миллиард киловат соат барқ содир кардааст.
Аз ҷумла, ба Афғонистон 1,7 миллиард киловат соат, ба Узбекистон 894,7 миллион киловат соат ва ба Қирғизистон 11,5 миллион киловат соат. Вазорат мегӯяд, ки беш аз 90 дарсади барқи содиротӣ дар моҳҳои апрел-сентябр, дар даврае, ки воридоти об ба обанбор зиёд аст, сурат мегирад.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта Тоҷикистон аз Узбекистон ва Қирғизистон 2,7 миллиард киловат соат барқ ворид кардааст.
Интиқоли барқ ба хориҷ дар шароите, ки мардуми Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд, интиқодҳоро ба миён овардааст. Феълан сокинони деҳоти Тоҷикистон шабонарӯз то 6-8 соат барқ мегиранд.
