Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29
30
31

Бозии тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Узбекистон мусовӣ шуд

0
Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Рақобати футзалбозони тоҷику узбек шоми чоршанбеи 28-уми январ дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуда, бидуни гол ба поён расид.
Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳамаи 17 марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат карда буд, чаҳор бор ба финали мусобиқа роҳ ёфтааст. Аммо футзалбозони узбек ягон бор ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ мушарраф нашудаанд.
Дастаи Узбекистон соли 2024 дар Ҷоми Осиё дар Тайланд барои ҷойи сеюм бо тими миллии Тоҷикистон рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 5:5 анҷом ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти Узбекистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардида, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бори 12-ум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок мекунад. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.
Дар бозии дигари гурӯҳи “С” 28-уми январ тими миллии Ҷопон бар дастаи мунтахаби Австралия бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд.
Мунтахаби Ҷопон, ки бори ҳаждаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат дорад, чаҳор бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст ва пас аз Эрон дуюмин дастаи серунвони қора мебошад. Дар мусобиқаи соли 2024 ҷопониҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашта буданд.
Бояд зикр намуд, мунтахаби Ҷопон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” ғолиб шуда, аз тимҳои миллии Тоҷикистон, Камбоҷа ва Макао пеш гузашт.
Мунтахаби Австралия бори чаҳорум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад. Австралиягиҳо дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “А” муқобили Кувайт, Ҳиндустон ва Муғулистон бозӣ карда, мақоми аввалро касб намуданд.
Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” мунтахаби Ҷопон бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. Дастаҳои Тоҷикистону Узбекистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Австралия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Дар даври дуюми мусобиқа футзалбозони тоҷик рӯзи ҷумъаи 30-юми январ бо тими миллии Ҷопон рӯбарӯ мешаванд. Бозии охирини гурӯҳи “С” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия рӯзи якшанбеи 1-уми феврал доир мегардад.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифтааст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.Ҷоми футзали Осиё-2026
Даври аввал
Гурӯҳи “А”
Индонезия - Кореяи Ҷанубӣ – 5:0
Ироқ – Қирғизистон – 4:2
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”ҶДастаҳоБҒМБТИ1Индонезия11005-032Ироқ11004-233Қирғизистон10012-404Кореяи Ҷанубӣ10010-50

Гурӯҳи “В”
Ветнам – Кувайт – 5:4
Тайланд – Лубнон – 2:0
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”ҶДастаҳоБҒМБТИ1Тайланд11002-032Ветнам11005-433Кувайт10014-504Лубнон10010-20







Гурӯҳи “С”Ҷопон – Австралия – 6:2
Узбекистон – Тоҷикистон – 0:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”


ҶДастаҳоБҒМБТИ1Ҷопон11006-232Тоҷикистон10100-013Узбекистон10100-014Австралия10012-60

Гурӯҳи “D”
Эрон – Малайзия – 4:1
Афғонистон - Арабистони Саудӣ - 3:0
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “D”ҶДастаҳоБҒМБТИ1Эрон11004-132Афғонистон11003-033Малайзия10011-404Арабистони Саудӣ10010-30Даври дуюм29-уми январ (панҷшанбе)
Гурӯҳи “А”
Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ (13:00)Қирғизистон – Индонезия (17:00)
Гурӯҳи “В”29-уми январ (панҷшанбе)
Лубнон - Ветнам (11:00)
Кувайт – Тайланд (15:00)
Гурӯҳи “С”30-юми январ (ҷумъа)
Австралия – Узбекистон (11:00)
Тоҷикистон – Ҷопон (17:00)
Гурӯҳи “D”30-юми январ (ҷумъа)
Арабистони Саудӣ - Эрон (11:00)
Малайзия – Афғонистон (15:00)
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net