Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Декабрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28
29
30
31

Ба беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2025 ҷоизаҳо доданд

0

27-уми декабр дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2025 доир гардид.

Дар ин маросим ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ дар Лигаи олии Тоҷикистон, мусобиқаи ҷавонон ва Лигаи якум эълон шуданд. Дар маҷмуъ дар 18 номинатсия ғолибон қадрдонӣ гардиданд.

Чунончи, ҷоизаи беҳтарин бозигари соли 2025 ба Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон, тақдим гардид. Вай бори аввал ба ин унвон даст ёфт.

Амирбек Ҷурабоев, инчунин, беҳтарин нимҳимоятгари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2025 гардид.Қобили зикр аст, ки ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Шервонӣ Мабатшоев, ки имсол дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон 7 гол задааст, тақдим шуд.Ҷоизаи беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ насиби Зариф Усмонов, сармураббии бошгоҳи «Вахш»-и шаҳри Бохтар гардид.

Рӯйхати барандагони ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти мавсими соли 2025: Беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ – Муҳаммад Назриев («Истиқлол», Душанбе), 30 тӯб.

Беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ – Ҷамшед Баротов (КМВА, Душанбе).

Беҳтарин бозигари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ – Муҳаммад Назриев («Истиқлол», Душанбе).

Беҳтарин даврвозабони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум – Қурбонали Бобоев («Сардор», Турсунзода).

Беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум – Назрулло Ашурализода («Моҳир», Ёвон), 33 тӯб.

Беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум – Алишер Полвонов («Парвоз», Фурудгоҳи Хуҷанд).Ҷоизаи вижаи Лигаи футболи Тоҷикистон – Махмадҷон Ҳабибуллоев («Сардор», Турсунзода).

Беҳтарин бозигари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум – Некрӯз Зокиров («Шодмон», Ҳисор).

Беҳтарин бригадаи доварон – Гулмуроди Саъдулло, Ҳасан Каримов, Фарҳод Қуралов.

Беҳтарин дарвозабон – Адам Ковач («Вахш», Бохтар).

Беҳтарин ҳимоятгар – Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол», Душанбе).

Беҳтарин нимҳимоятгар – Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол», Душанбе).

Беҳтарин ҳамлагар – Абдухалил Боронов (КМВА, Душанбе).

Беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ – Шон Пол Камолафе («Истиқлол»/«Хуҷанд»), 12 тӯб.

Беҳтарин легионери мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон – Дмитро Билоног («Вахш», Бохтар).

Беҳтарин мураббӣ – Зариф Усмонов («Вахш», Бохтар).Ҷоизаи вижаи Лигаи футболи Тоҷикистон - Шервонӣ Мабатшоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода).

Беҳтарин бозигари сол – Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол», Душанбе).






Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net