Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Декабрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27
28
29
30
31

Тамоси Сироҷиддин Муҳриддин ва Амирхон Муттақӣ дар пайи ҳамла ба марзбонон

0

Дар пайи ҳамлаи маргбори рӯзи 24 декабр ба марзбонони тоҷик дар сарҳад бо Афғонистон, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Дар ин ҳамла ду афсари тоҷик ҷон бохтанд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон рӯзи 27 декабр дар маросиме дар Кобул ба муносибати 46-уми солгарди ҳамлаи Шӯравии пешин ба Афғонистон гуфтааст, "дар бораи ҳодисаи Тоҷикистон бо ҷиддият таҳқиқотро оғоз кардаем".

Ин мақомдори ҳукумати Толибон бо ишора ба кушта шудани марзбонони тоҷик гуфтааст, ки "ҳалқаҳои муғриз" мехоҳанд робитаҳои Тоҷикистон ва Толибонро барҳам бизананд. Аммо Муттақӣ аз кадом кишвар ё гурӯҳе ном набурдааст

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, таҳқиқоти ҳамла ба марзбонони тоҷик аз хоки Афғонистон оғоз шудааст ва бо ҳамтои тоҷикаш тавофуқ кардаанд, ки барои пешгирӣ аз такрори чунин рӯйдодҳо ба таври муштарак кор кунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва расонаҳои Тоҷикистон то кунун дар мавриди тамоси телефонии Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Толибон хабаре нашр накардаанд.

Ин дувумин гуфтугӯи телефонӣ миёни Сироҷиддин Муҳриддин ва Амирхони Муттақӣ дар як моҳи ахир аст. Онҳо дар оғози ин моҳ ва пас аз ҳамла ба коргарон ва роҳсозони чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон, гуфтугӯ карда буданд. Дар ин ду ҳамла панҷ коргари чинӣ кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 25-уми декабр бо нашри изҳороте дар пайванд ба ҳодисаи кушта шудани марзбонон гуфт, ки он дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.

Тибқи изҳорот, дар ин ҳамла Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ кушта шудаанд. Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса се ҳамлавар аз Афғонистон низ кушта шуда, аз онҳо се мусалсал ё автомат, се туфангча, 10 норинҷаки дастӣ, як дурбини шаббин, маводи тарканда ва муҳиммоти дигари ҷангӣ мусодира шудааст. Ҷониби Тоҷикистон онҳоро "аъзои ташкилоти террористӣ" хитоб кард, аммо нагуфт, ки узви кадом созмони тундрав ҳастанд.

Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар изҳороти худ ҳукумати "Толибон"-ро ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ ва ваъдаҳояш ҷиҳати таъмини амният дар марз ва мубориза бо гурӯҳҳои тундрав муттаҳам намуда, аз раҳбаронаш хостааст, аз мардуми Тоҷикистон маъзарат пурсанд.

Толибон аз ин қабл ва дар пайи куштани коргарон ва роҳсозони чинӣ дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон гуфта буданд, ки таҳқиқотро оғоз кардаанд ва дар ин робита чанд нафарро низ боздошт кардаанд. Вале бо гузашти як моҳ онҳо натиҷаҳои таҳқиқоти худро эълон накардаанд.






Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net