Фаридуни Шамсиддин, як гумонбари ҳамла ба "Крокус" кист?
![Фаридуни Шамсиддин, як гумонбари ҳамла ба](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-0b19-08dc4cd3bf13_tv_w800_h450.jpg)
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 25 март пайвандони Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар Маскавро барои бозпурсӣ бурдаанд. Фаридуни Шамсиддин 25-сола ва аз деҳаи Лойоби Ҳисор аст. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24 март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт.