Дастгоҳи президенти Қирғизистон ҳавопаймои хусусӣ мехарад
Дастгоҳи президенти Қирғизистон раванди ба таври лизингӣ харидорӣ кардани ҳавопаймои хусусиро ба анҷом мерасонад. Дар ин бора Эрбол Султонбоев, котиби матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи Султонбоев, ҷониби Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки ё аз ширкати Bombardier Challenger ва ё аз ширкати Embraer Legacy ҳавопаймо харидорӣ кунад. Ин ҳавопаймо барои "сафари ҳайатҳои хурд ба хориҷ истифода хоҳад шуд".
Моҳи сентябри соли 2022 Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо ҳавопаймои хусусии Bombardier Global Express XRS ба шаҳри Ню-Йорки ИМА парвоз карда буд. Он замон сухангӯи президенти Қирғизистон хабар дода буд, ки дастгоҳи президент тасмим дорад, ҳавопаймои хусусиро ба таври лизинг харидорӣ кунад.
Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, ҳавопаймои Ту-154, ки президент бештар бо он ба хориҷ парвоз мекард, "сӯзишвории зиёд харҷ мекард" ва ҳамзамон на ҳамеша метавонист, ки то Аврупо ё ИМА парвоз кунад.