Марде бо гумони қатли ҳамсар ва писараш дар Суғд боздошт шуд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, як мардеро бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи зану фарзандаш дастгир кардаанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 18 -уми декабр дар барномаи телевизионӣ фоҷеа дар як хонаводаи шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафарободро шарҳ дод. Ба иттилои раёсат, Зокир Аъзамов, сокини ин ноҳия, рӯзи 28-уми ноябр ҳамсари 36-сола ва писари 9- солаашро кушта, барои пинҳон доштани ҷиноят, ҷасадҳо ва хонаро оташ задааст.
Ӯро баъд аз 4 рӯзи фирор дастгир кардаанд.
Назари нафари гумонбар дастрас нест.
Дар гузориши Вазорати корҳои дохила сабаби фоҷеа рашку шубҳаи шавҳар ба ҳамсараш гуфта шудааст.
Нисбат ба шахси муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар як соли ахир дар Тоҷикистон чандин ҳодисаи куштори занон бо дасти шавҳарон расонаӣ шудааст.