Рӯзноманигор Михаил Козачков дар Алмато боздошт шуд
Оҷонси мониторинги молӣ дар Қазоқистон рӯзи 18 декабр хабар дод, ки рӯзноманигор Михаил Козачков, бунёдгузори канали "Kozachkov offside" дар паёмакрасони Телеграм ва хабарнигори нашрияи "Время" дастгир шудааст.
Ӯ дар мусоидат ба "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ"-и Елдос Коспаев айбдор мешавад. Коспаевро “ёвари Болат Назарбоев”-и муттаҳам ба ғасбҳои рейдерӣ меноманд.
Тибқи фарзияи оҷонс, Коспаев гӯиё аз "хидматҳои Козачков барои ҳамлаҳои иттилоотӣ зидди қурбониёни ғасбҳои рейдерӣ истифода мекардааст". Козачков барои ин "хидматҳояш" аз гуруҳи ҷиноӣ 52 миллион танга гирифтааст.
Талошҳо барои тамос бо рӯзноманигор бенатиҷа буданд. Созмони ҳомии ҳуқуқи "Адил соз" омодагии худро барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигор баён кардааст.