Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Декабрь
2022

Се паҳлавони маъруфи тоҷик ба Исроил рафтанд

0

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки рӯзҳои 20-22-юми декабр дар Исроил баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар  намояндагӣ  хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), ба ин мусобиқа варзишгароне, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ то ҷои 36-умро ишғол кардаанд, даъват шудаанд. То ҳоло барои иштирок дар ин мусобиқа 367 варзишгар (194 мард ва 173 зан) аз 58 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи охирини байналмилалии мавсими имсола се паҳлавони маъруфи тоҷик, ки барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Париж-2024 талош меварзанд, намояндагӣ хоҳанд кард: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар ҳамин ҳол дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Темур Раҳимов дар ҷойи аввал, Комроншоҳ Устопириён дар ҷойи 16-ум ва Эмомалӣ Нуралӣ дар ҷойи 36-ум қарор доранд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 20-уми декабр – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегардад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 21-уми декабр - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон 22-юми декабр ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад: ҷойи аввал – 6000 евро, ҷойи дуюм 4000 евро ва ҷойи сеюм 2000 евро.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки моҳи январи соли 2021 дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Темур Раҳимов натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб намуд. Вале Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 73 кило, дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин


Спорт в России и мире
Москва

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

«Компьютерный 3D-переводчик на жестовый язык» стал одним из победителей конкурса цифровых проектов и идей для людей с нарушением слуха «Мы услышим»





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о суверенной финансовой системе в России


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Белый дом признал причастность к выработке «формулы мира» Киева


Навальный в России и мире
Москва

Раз нет протестов, будут санкции: как навальнисты и команда Ходорковского меняют стратегию борьбы с Россией



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Ольга Бузова

«Можно даже не уметь играть в футбол»: Ольга Бузова публично высмеяла и унизила бывшего мужа Дмитрия Тарасова



Москва

Адвокат Жорин заявил, что полумиллионный долг Заворотнюк перейдет к наследникам

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net