Задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Reuters: Як сокини Исфара кушта шуд. Бишкек аз 18 захмӣ гуфт
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, субҳи барвақти 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқишаи дигар сар задааст. Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, низомиёни тоҷик ба чанд постгоҳи марзии ин кишвар ҳамла карданд.