Идомаи "амалиёт" дар Рӯшон. 5 кас кушта шуд
![Идомаи](https://gdb.rferl.org/0b960000-0aff-0242-876a-08da42faaeb6_tv_w800_h450.jpg)
Дар идомаи "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 31 май панҷ сокини маҳаллӣ кушта, як нафар дастгир шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе ин афродро узви "гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид, дар ҳоле ки қаблан наздиконашон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онҳоро "осоишта ва шахсони бесилоҳ" гуфта буданд.