Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2022

Пирӯзии боз як муштзани тоҷик дар аввалин сабқаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон

0
Руҳафзо Ҳақназарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия ҷараён дорад, дар аввалин рақобати худ пирӯзӣ ба даст овард.


Ӯ рӯзи 12-уми май дар вазни то 50 кило ба рақибаш Айда Санталла аз Боливия пирӯз шуд. Руҳафзо дар даври дуюм бо варзишгари Колумбия Ингрит Лорена Викториа қувваозмоӣ хоҳад кард.


Ёдовар мешавем, нахуст Шоира Зулқайнарова, муштзани маъруфи тоҷик, рӯзи 11-уми май дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври баъдӣ Ҳадунг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Рақобати ҳарду рӯзи якшанбеи 15-уми май баргузор мешавад.



Вале дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик -  Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуданд. Сумайя дар даври аввал аз Севда    Асенова (Булғористон) мағлуб гашт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.


Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.



Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.



Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.


Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net