Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони тоҷикро ба хок супурданд. АКС
![Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони тоҷикро ба хок супурданд. АКС](https://gdb.rferl.org/c28a0000-0aff-0242-a599-08d9e8a1ff00_w800_h450.jpg)
Ҷасади Дамирбек Олимов, овозхони ҷавон, аммо шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) дафн карданд. Дар маросими видоъ ва хоксупории ӯ, ки пас аз зуҳри 5-уми феврал баргузор шуд, даҳҳо нафар аз ҳаводорон ва ҳамкорону дӯстонаш иштирок доштанд.