Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Июнь
2021

Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ва бародараш маълум шудааст

0
Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ (Абдулло Қувватбеков) ва бародараш Иззатулло Қувватбеков, ки рӯзи 18-уми июн боздошт шуда буданд, барои пайвандонаш маълум шудааст.


Мақомоти тафтишотӣ ба пайвандонаш гуфтаанд, ки онҳо дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбаташон тафтишотӣ пешакӣ оғоз шудааст. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сомонӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд ва шарҳ надоданд, ки онҳо бо чӣ ҷурм боздошт шудаанд.


Пештар наздикони Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ гуфта буданд, ки субҳи 18-уми июн гурӯҳи ҳашт нафараи кормандони мақомоти интизомӣ манзили зисти Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломиро ҷустуҷӯ карданд ва ӯро бо бародараш боздошт карданд. Аз манзили ӯ чанд китоби мазҳабӣ ва 80 ҳазор доллар пайдо шудааст, ки мақомот онҳоро низ мусодира кардаанд. Ин маблағе будааст, ки ба гуфтаи наздиконаш ӯ барои хариди ҳавлӣ барои фарзандаш ҷамъ карда будаааст.


Наздиконаш рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафар муфаттиш рӯзи 20-уми июн бо либоси мулкӣ барои гирифтани баёнот ба манзили зисташон омаданд.


Қувватбек Қувватбеков, бародари Мавлавӣ Абдулло дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муфатишон ба ӯ ва дигар пайвандонаш суолҳои зиёд доданду забонхат гирифтанд. “Аз ман пурсиданд, ки ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд ва суолҳои дигар доданд. Ман гуфтам, ки дар хона ба таълими фарзандон машғул буд ва гоҳ-гоҳ даъваташ мекарданд ва дуо мехонд.”,-- мегӯяд бародари ӯ.


Ӯ афзуд, ин ду нафар муфаттишоне буданд, ки рузи 18-уми июн омада хонаро кофтанд ва китобҳои диниро якҷо бо 80 ҳазор доллар бурданд.


Пайвандонашон гуфтанд, ки аз замони боздошт то кунун онҳоро надидаанд.


Мақомот ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки ин ду бародарро барои чӣ боздошт кардаанд.


Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои пуршӯри динӣ ва даъватҳои ваҳдати динию миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул будааст.




 





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net