Додгоҳи Русия Мухтор Аблязовро ғоибона 15 сол зиндонӣ кард
Додгоҳи Тагани шаҳри Москваи Русия Мухтор Аблязов, бонкдори пешин ва мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистонро дар доираи парвандаи дуздии ҳудуди 60 миллиард рубл (беш аз 800 миллион доллар) ғоибона 15 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора "Настоящее Время" бо истинод ба канали Додситонии кулли Русия дар паёмакрасони Телеграм иттилоъ додааст.
Зидди Аблязов ва чандин гумонбари дигари парвандаи мазкур бо бандҳои "қаллобӣ, қонунигардонии амволи аз роҳи номашруъ ба даст омада, расонидани зарари калон" айб эълон шуда буд. Додситонии кулли Русия афзуда, ки гумонбарон ба хориҷ аз ин кишвар паноҳ бурдаанд ва дархостҳо барои истирдодашон борҳо рад шудааст.
Додгоҳ қарор кардааст, ки Аблязов ба бонки таҳти роҳбарияш - БТА беш аз 173 миллиард рубл ($2,3 млрд) зарар расондааст. Бинобар ин, замин, саҳмияҳои Аблязов дар ширкатҳои оффшорӣ ва ҳисобҳои бонкии ӯ ба хотири ҷуброни зарари мазкур ҳабс гаштаанд.
Бино ба фарзияи муфаттишон, Аблязов ва гумонбарони дигари парванда солҳои 2006-2009 беш аз 58 миллиард рубл ($786 млн)-и Бонки БТА-ро аз худ кардаанд. Аблязов соли 2017 дар Қазоқистон ҳам бо айби ҳамсон ғоибона 20 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Дертар, соли 2018 додгоҳи Қазоқистон вайро дар куштори шарики тиҷорияш Ержан Татишев айбдор эълом ва ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.