Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Август
2020

Ҷанҷол дар назди таваллудхона сабаби дар мошин ба дунё омадани тифл шуд. ВИДЕО

0
Ҷанҷол дар назди таваллудхона сабаби дар мошин ба дунё омадани тифл шуд. ВИДЕО

Наздикони Дилнозаи Рашидҷон аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон гуфтанд, ӯ барои таваллуд 20 километр роҳро тай карда, ба зоишгоҳи шаҳри Кӯлоб рафт, вале азбаски дари бемористонро зуд накушоданд, тифлро дар таксӣ ба дунё овард.

Онҳо даъво доранд, ки посбони таваллудхонаи Кӯлоб монеи вуруди мошин ба ҳудуди бемористон шудааст. Посбон мегӯяд, дар бораи зани ҳомила хабар надошт ва дар шароити коронавирус маҷбур буд киву чӣ кора будани онҳоро пурсад.

Ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 27-уми август рух додааст.

Сафаралӣ Намозов, сокини ноҳияи Муъминобод ва хусури Дилнозаи Рашидҷон, мегӯяд, "посбон гуфт, даромадан мумкин нест. Пурсид, ки як сомонӣ диҳем. Келинам дар роҳ таваллуд кард. Духтуронро илтимос карда овардам."

Намозов бовар дорад, агар дар даромадгоҳ таъхир намешуд, арӯси хонадон дар шароити муносиби беҳдоштӣ таваллуд мекард. Дар ҳамин ҳол, посбони дармонгоҳ мегӯяд, аз роҳбарият дастур гирифта буд, ки ба даромадани мошинҳои бегона иҷозат надиҳад.

Абдураҳим Дарёев, посбони Маркази минтақавии перинаталии шаҳри Кӯлоб, рӯзи 28-уми август ҳодисаро ин гуна нақл кард: "Нагуфтанд, ки бемор доранд ва бояд ба таваллудхона баранд. Баръакс, дашном доданд. Гуфтам, майлаш, равед. Ҳоло дигар чиз мегӯянд. Мо посбонем, бояд пурсем, ки ту кӣ ҳастӣ ва ба куҷо меравӣ. Вай нагуфта буд, ки зан ҳомила асту бояд таваллуд кунад. Ва ман нагуфтаам, ки як сомонӣ диҳанд."

Сокинони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, таваллуди ин зан дар беруни дармонгоҳ ҳодисаи ягона нест. Қаблан ҳам дар дохили мошин як зан таваллуд карда будааст. Сабаби пешинаро ҳам таъхир дар иҷозаи вуруд ба бемористон донистанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Хабарнигорони маҳаллӣ дар нишасти матбуотии моҳи июл дар раёсати тандурустии Кӯлоб ин масъаларо бардошта, сабабро аз сардори раёсат пурсиданд. Масъулон мегӯянд, дар ин бора аз мардум шикояти расмӣ нагирифтаанд.

Сайдриддин Ғаюров, сардори Раёсатӣ тандурустии Кӯлоб, дар нишасти ахири матбуотӣ гуфт, "ман нисбат ба ин суол чизе гуфта наметавонам. Огоҳӣ надорам."

Шаҳрдори Кӯлоб моҳи июл дар робита ба ин масъала гуфт, худи ӯ ҳамчун шахси одӣ чанд дафъа кӯшиш кард, ба ҳудуди бемористонҳои минтақа ворид шавад, аммо иҷозаташ надоданд. Қодир Вализода афзуд: “Дар гирди бинои бемористон гаштам, гуфтанд, ки надароед. Пурсидам, чаро, бемор дар дохил аст, ба ман чӣ кор мекунад? Гуфтанд, "кондитсионер" надорем. Музди маош чӣ? Гуфтанд, ду моҳ боз нагирифтаанд."

Сокинон мегӯянд, то ҳол муносибат дар таваллудхонаи минтақавӣ ва ворид шудан ба ҳудуди он дигар нашудааст. Қаблан дар баъзе аз деҳаҳои ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз он нигаронӣ карда буданд, ки бинобар дурии роҳи таваллудхона баъзан занон кӯдакони худро дар роҳ ва гоҳе дар мошин ба дунё меоранд.

Кумитаи омори Тоҷикистон моҳи июл эълон кард, ки дар шаш моҳи аввали имсол таваллуди беш аз 100 ҳазор навзодро сабт кардаанд, вале ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан чаҳор дарсад камтар будааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: Детский фестиваль искусств «Небо» станет праздником для всей семьи


Спорт в России и мире
Москва

Для пользы тела. «Мой спортивный район» начинает летние тренировки


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Уимблдон

Надаль пропустит Уимблдон из-за желания сыграть на Олимпиаде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Июнь в Москве начнется с аномально жаркой погоды





Путин в России и мире
Москва

Лучшие фото недели // Запоминающиеся кадры 27–31 мая


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Путин и Лукашенко обсудили по телефону предстоящий саммит ШОС




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

НАТО оказалась не готова к войне с Россией. Тайное соглашение США и Киева: Враг нацелился на Белгород - источники


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

Тимати проучил нового владельца “Black Star Burger” и перепродал его долги



Москва

Жительницы Сахалина вытащили друга на прогулку с помощью автовышки

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net