Амрикоиҳо Рӯзи ёдовариро имсол дар шароити буҳронӣ мегузаронанд
![Амрикоиҳо Рӯзи ёдовариро имсол дар шароити буҳронӣ мегузаронанд](https://gdb.rferl.org/4EE789A8-4F30-4B55-B2D8-5BC4B73CBAED_w800_h450.jpg)
Иёлоти Муттаҳида имсол дар шароите ба рӯзҳои истироҳати идонаи давомдор наздик мешавад, ки бахшҳои зиёди кишвар бо ҳодисаҳои афзуншавандаи коронавирус ва тангиҳои иқтисодӣ мубориза мебаранд. Бразилия бошад ба зиёдшавии марг аз COVID-19 дучор меояд.
Истироҳати Рӯзи ёдоварӣ аз рӯи одат саршавии мавсими тобистон барои амрикоиҳо шумурда мешавад ва одамони бисёре бо иштирок дар маросимҳо касони дар ҷанг фавтидаро ба ёд меоранд ва ба иштирочиёни ҷанг эҳтиром мегузоранд.
Дар бисёре иёлоти Амрико ва Вашингтон D.C, ки бахшҳояш дар ҳолати баста мебошанд, рӯйдодҳои истироҳатӣ бекор карда мешаванд. Дар пойтахти ИМА шаҳри Вашингтон паради бузурге, ки одатан ҳазорон нафарро ба маркази савдои миллии Вашингтон мекашонд, бекор карда шуд ва ба ҷои он консертҳо ва намоишҳои солҳои гузашта пахш карда мешаванд.
Дар ҳоле, ки чораҳои вобаста ба коронавирус сабук карда мешаванд, зиёдшавии ҳолатҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ ва марг дар Иёлоти Муттаҳида нишон медиҳанд, ки буҳрон ба охир нарасидааст.
Аз рӯи гузоришҳои Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, рӯзи 21-уми май боз 1255 нафари дигар дар Амрико аз коронавирус мурдааст. Ҳамин тавр шумораи фавтидагон дар ин кишвар ба 94 702 нафар расидааст, ки аз ҳама зиёд дар ҷаҳон мебошад.