Роскомнадзор аз Google хост, мақолаеро масдуд кунад, ки омори мурдаҳоро зери суол бурдааст
Танзимгари кори матбуот дар Русия - Роскомнадзор аз ширкати интернетии Google хост, ки як гузориши вебсайти MBKh Media-ро масдуд бикунад, ки дар он омори расмии марги инсонҳо бар асари коронавирус зери суол бурда мешавад. Вебсайти MBKh Media шоми 14 май гуфт, ки гузориши он бар асоси матлаби Financial Times таҳия шуд ва дар он гуфта мешавад, ки омори воқеии фавт бар асари коронавирус дар Русия 70 дарсад бештар аз омори расмӣ буда метавонад. MBKh Media гуфт, ки рӯзи 13 май аз ширкати Google нома гирифт ва дар он гуфта шудааст, ки дархости масдудкунии гузориш бар пояи қарори дафтари додситонии кулли Русия гирифта шудааст ва дар он иддао мешавад, ки ин гузориш “ба шӯриш, фаъолияти тундравона, ширкат дар ҳамоишҳои ғайримуҷози ҷамъиятӣ даъват мекунад, ки хушунат дар пай дорад”. MBKh Media гуфт, Google дархост кард, ки гузориш аз вебсайташ ҳазф шавад ваё дар ҳудуди Русия ғайри қобили дастрасӣ шавад. Дархости Роскомнадзор аз 15 май дар саҳифаи интернетии гузоришҳо оид ба шаффофияти Google дида намешавад. Дар Русия мақомот мегӯянд, ки дар саросари кишвар 10598 ҳодисаи нави олудагӣ ба коронавирус сабт шуда, шумори умумиаш 262843 нафарро ташкил додааст. Шумори фавтидаҳо расман 2418 нафар, яъне 113 ҳолат бештар назар ба рӯзе аз он пеш гуфта мешавад.