Бист табиби "Истиқлол" бемор шудаанд. Сабаб муҳофизати нокофӣ ҳангоми кор
![Бист табиби](https://gdb.rferl.org/D811F3E9-56BB-42F6-B0F0-6031BCF4D017_w800_h450.jpg)
Бист табиби бемористони «Истиқлол» дар Душанбе, ки гирифторони COVID-19-ро муолиҷа мекарданд, бемори бистарӣ шудаанд. Сабаби гирифтории онҳо зоҳиран, норасоии васоили муҳофизатӣ аст, ки табибону парасторон аз норасоии онҳо шикоят доранд ва мегӯянд, ҷонашон дар хатар аст.