Маҷлиси миллии Тоҷикистон раиси нав интихоб мекунад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нахустини аъзои Маҷлиси миллӣ доир мешавад. Қарор аст, дар иҷлосияи имрӯз раиси Маҷлиси миллӣ интихоб карда шавад.
Рӯзи 15-уми март президенти Тоҷикистон бо судури як фармон шаш тан аз аъзои нави Маҷлиси миллии Тоҷикистонро таъйин кард. Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон 33 курсӣ дорад ва бисту панҷ узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд.
Ҳашт узви дигари маҷлисро президент таъин мекунад. Вале ҳоло раиси ҷумҳур 6 танро ба ин рӯйхати нав ворид кардааст ва маълум нест, ки ду нафари дигар киҳо хоҳанд буд. Дар рӯйхати нав номи Озода Раҳмон, ки дар даври қаблӣ муовини раиси Маҷлиси миллӣ буд, дида намешавад.
Интихоби 25 узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, аз тарафи вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар рӯзи 27-уми март баргузор шуда буд. Дар рӯйхати 25 узви нави Маҷлиси Миллӣ, номи раисони вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон, раисони чанде аз шаҳру ноҳияҳо ва ё муовинонашон ва мансабдорону кормандони идораҳои давлатӣ сабт шудааст. Дар миёни интихобшудаҳо Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва писари раисҷмуҳр низ ҳаст, ки бори аввал узви Маҷлиси миллӣ мешавад.
Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз соли 2000-ум боз фаъол аст ва он замон то кунун раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дошт. Аъзои Маҷлиси Миллӣ дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд.