Дар Қазоқистон беш аз 5 ҳазор кас барои нақзи карантин муҷозот шудаанд
Пулиси Қазоқистон мегӯяд, аз замони эъломи ҳолати фавқулода дар ин кишвар беш аз 5000 кас барои нақзи қоидаҳои равуо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Вале хабарҳои расида ва иттилои наздикони боздоштшудаҳо бозгӯи онанд, ки дар Қазоқистон бо вуҷуди эъломи карантин дар робита ба коронавирус боздошт, ҳабс, бозпурсии фаъолони маданӣ ва бозҷӯии манзилҳзои зисти онҳо идома дорад.
Ба огаҳии Вазорати дифои Қазоқистон, дар як моҳи ахир 5 130 кас бо бандҳои "нақзи вазъи фавқулода" ва "амалҳое, ки ба нақзи тартибот дар давраи вазъи фавқулода таҳрик месозанд" ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ин миён, 2 479 кас ҷарима ва 1 626 тани дигар ҳабс шудаанд.
Мақомоти Қазоқистон 16 март, баъди ошкор шудани нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом карданд. Ҳафтаи равон вазъи фавқулода то 1 май тамдид шуд.