Муҳоҷирони мубтало ба коронавирусро ошкор карданд, вале ба бемористон набурданд. ВИДЕО
Дар шаҳраки Новосергиеваи вилояти Ленинград хобгоҳеро ошкор карданд, ки дар он тақрибан 35 муҳоҷири гирифтор ба бемории КОВИД-19 зиндагӣ доранд. Ҳоло хобгоҳ бастааст ва сокинонаш ба карантин фаро гирифта шудаанд. Бино ва фурӯшгоҳҳои наздик ба хобгоҳро "дезинфексия" ё поккорӣ мекунанд.